Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон имсол 349 022 тонна пахта ба даст овард


Маъракаи пахтачинӣ дар Тоҷикистон расман ба поён расид. Бино ба омори вазорати кишоварзии Тоҷикистон, хоҷагиҳои пахтакори ин кишвар имсол 349 022 тонна ҳосил ҷамъ овардаанд, ки танҳо 63 дарсад аз 552 000 тонна пахтаи нақшаи умумиро ташкил медиҳад. Тоҷикистон соли гузашта ҳудуди 420 000 тонна пахта ҷамъ оварда буд. Муҳаммадӣ Ормонов, мудири бахши зироати фаннӣ ва ғалладона дар вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, то 40 дарсад пойин рафтани қимати нахи пахта дар биржаи Ливерпул ба хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад, вале пахтакорӣ ҳамчунон як бахши стротежии риштаи кишоварзии кишвар боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG