Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав дар хокрубае панҷ ҷанини мурда пайдо шуд


Хабаргузориҳои Русия аз қавли пулиси Маскав иттилоъ додаанд, ки дастикам панҷ ҷанини инсон дар қуттии хокрубае дар шимоли шарқи шаҳри Маскав пайдо шудааст. Дар гузоришҳо, ки аз қавли пулиси номаълум нақли қавл мешавад, гуфта шудааст, ки барои расидагӣ ба ин ҷинояти эҳтимолӣ парванда боз кардаанд, то ҷинояткорон шиносоӣ шаванд. Ба гуфтаи полис, ҳоло бозрасон таҳқиқ мекунанд, ки ин ҷанинҳо мурда ба дунё омадаанд, ё дар бемористони машкук ва ғайриқонунии сиқти ҷанин ё фигона пизишкон онҳоро хафа кардаанд.

XS
SM
MD
LG