Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин сафари президент Буш ба Ироқ ва Афғонистон


Президент Буш бо сарони Ироқ дар Бағдод, 14 декабри соли 2008.
Президент Буш бо сарони Ироқ дар Бағдод, 14 декабри соли 2008.

Президенти ИМА Ҷ. Буш ба Афғонистон ва Ироқ сафари ғайримунтазираи хайрбодӣ анҷом дод.

Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико вориди Афғонистон шуд. Боздиди Буш ғайримунтазира сурат мегирад ва вай аз Ироқ ба Афғонистон омад. Ҳавопаймои раиси ҷумҳури Амрико дар Багром, дар пойгоҳи низомии Амрико фуруд омад. Интизор меравад, ки Ҷорҷ Буш имруз бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дидор ва гуфтугу кунад. Вай бо сарбозони Амрико дар Афғонистон низ мулоқот ва суҳбат хоҳад кард. Оқои Буш ҳангоми парвоз ба хабарнигорон гуфт, вай мехоҳад ба Ҳомид Карзай изҳори сипос кунад ва ба мардуми Афғонистон бигуяд, ки баъд аз 20-уми январ низ баъд аз он, ки Барак Обама-раиси мунтахаби Амрико ба иҷрои вазифа шурӯъ мекунад, Амрико ҳамчунон дар паҳлуи мардуми афғон хоҳад буд.

Сафарҳои Буш ба Афғонистон ва Ироқ дар ҳоле ба вуқӯъ мепайвандад, ки то поёни давраи раёсатҷумҳурии Буш ҳамагӣ камтар аз як моҳу як ҳафтаи дигар боқӣ мондааст. Дар чаҳорумин сафараш ба Ироқ баъд аз ҳамлаи нерӯҳои таҳти сарварии Амрико ба ин кишвар ва сарнагунии режими Саддом Ҳусейн дар моҳи апрели соли 2003 Буш бо ҳамтои ироқии худ, Ҷалоли Талабонӣ мулоқот кард. Вай гуфт, мудохилаи Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ кори хеле душвор, аммо "зарур барои амнияти Амрико, умеди Ироқ ва сулҳи ҷаҳон" буд. Талабонӣ президенти Амрикоро "дӯсти бузурги мардуми ироқӣ" номид.

Сипас Буш ва сарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ ба Паймони амниятии миёни Ироқу Амрико имзо гузоштанд, ки мақоми ҳуқуқии ҳузури ҳарбии Амрикоро пас аз поёни мандати Созмони Милал муайян ва хуруҷи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз Ироқро замонбандӣ мекунад. Тибқи ин санад нерӯҳои Амрико то поёни соли 2011 аз Ироқ хориҷ хоҳанд шуд. Он ҳамчунин хуруҷи нерӯҳои ҷангиро аз шаҳру рустои Ироқ то 30-юми июни соли оянда тарҳрезӣ мекунад.

Буш дар ин сафар бо сарбозону афсарони амрикоӣ дар Ироқ низ мулоқот ва аз онҳо сипосгузорӣ кард. Охирин сафар президент Буш ба Ироқ, пеш аз супурдани мақомаш ба президенти баргузидаи Амрико Барак Обама дар 20-уми январи соли оянда, таҳти чораҳои шадиди амниятӣ ҷараён мегирад.

Сафари Буш дар ҳоле ба амал омад, ки вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс рӯзи шанбе дар Бағдод буд ва ҳадафи сафараш тарҳрезии "поёни бозӣ" дар Ироқ номида мешавад.
XS
SM
MD
LG