Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои нав ба корвонҳои НАТО дар Покистон


Полиси Покистон мегӯяд, ситезаҷӯёни гурӯҳи Толибон ба анбори икмолотии Паймони Атлантики Шимолӣ дар шимолуғарби Покистон ҳамла ва 11 мошини боркашро, ки ба нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон муҳимот мерасонданд, нобуд карданд. Гуфта мешавад, ин чаҳорумин ҳамлаи густарда ба корвони мошинҳои икмолотист. Рӯзи якшанбеи гузашта мусаллаҳон ду пойгоҳи мошинҳоро ҳадаф қарор дода, 170 мошини боркаши НАТО-ро оташ заданд.
XS
SM
MD
LG