Пайвандҳои дастрасӣ

Роберт Гейтс ба Ховари Миёна бо се паёми асосӣ сафар кард, ки яке аз онҳо ба хуруҷи нерӯҳои Амрико дахл дорад.

Вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида Роберт Гейтс имрӯз вориди Ироқ шуд, то дар остонаи омодагии Вошингтон ба коҳиши ҳузури ҳарбияш дар ин кишвар бо фармондеҳони нерӯҳои Амрико мулоқот кунад.

Тибқи созишномаи мақоми нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ, қарор аст, ин нерӯҳо то моҳи июни соли оянда шаҳрҳо ва дар се соли баъд мамлакатро тарк кунанд.

Дар нимаи аввали рӯз Гейтс дар ҳамоиши минтақаии амниятӣ дар Баҳрайн аз кишварҳои араби суннӣ даъват кард, бо тақвияти муносибатҳои комили дипломатӣ аз ҳукумати Ироқ ҳимоят кунанд. Вай гуфт, худдорӣ аз чунин пуштибонӣ хатари инро дорад, ки Ироқ таҳти таъсири афзояндаи Эрон хоҳад монд.

Гейтс ба душманони Амрико дар Ховари Миёна ҳушдор дод, ки кӯшиши озмуни президенти баргузидаи Амрико Барак Обама аз тарафи онҳо як иштибоҳи сахт хоҳад буд. Гейтс дар ҳукумати нави Обама низ дар мақоми вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида боқӣ хоҳад монд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG