Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни рус Перевиро тарк карданд


Низомиёни рус аз деҳаи Перевии Гурҷистон, воқеъ дар марз бо Осетияи ҷанубӣ, берун карда шуданд. Ҳансӣорг Ҳабер, раиси ҳайати нозирони Иттиҳодияи Аврупо дар минтақа ин иқдомро хуш пазируфт ва гуфт, ки “талошҳои раиси Иттиҳодияи Аврупо ва нозирон ҳосили дилхоҳ бор оварданд”.
Низомиёни рус, тибқи созиши оташбас, авоили моҳи октябр, “минтақаҳои амниятӣ” дар қаламрави Гурҷистонро тарк карда буданд. Ва аммо постгоҳ дар деҳаи Перевии Гурҷистон то имрӯз боқӣ монда буд.

XS
SM
MD
LG