Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳургарон истеъфои сарвазирро талаб доранд


Дар Юнон тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ идома меёбад. Имрӯз ҳазорҳо нафар дар маркази Афина ҷамъ омада, истеъфои сарвазир Костас Караманлисро талаб карданд. Ин гирдиҳамоӣ ба задухурд бо полис печид – тазоҳургарон сӯи кормандони ҳифзи тартибот санг ва шишаҳо бо маводи сӯхт андохтанд, полис дар ҷавоб аз гази ашковар истифода кард. Айни ҳол теъдоди бузурги кормандони соҳаҳои гуногун даст ба коршиканӣ задаанд, бештари парвозҳо аз фурудгоҳи пойтахти Юнон лағв шудааст.

Намоишҳои эътирозӣ ва бенизомиҳо дар хиёбонҳои Афина ва дигар шаҳрҳои Юнон баъди он шурӯъ шуданд, ки як навраси 15-сола аз дасти корманди полис ба ҳалокат расид. Дирӯз чандин ҳазор ширкаткунандагони маросими ҷанозаи он наврас бо полис вориди бархурд шуданд.

XS
SM
MD
LG