Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9-уми декабр-Рузи Ҷаҳонии Зиддиришвахорӣ


Имруз Рузи Ҷаҳонии Зидди ришвахорист. СММ ин рузро эълон кардааст, то огаҳии мардумро аз зарари ба боромада аз ришвахориву фасод боло бибарад. Дар Муқовиланомаи Зиддиришвахории СММ тадбирҳои мубориза бо ришвахорӣ оварда шудааст. Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ дар паёми катбии худ навиштааст, "ришваву фасод" яке аз сабабҳои буҳрони кунунии молии сартосарист. Вай ёдоварӣ кардааст, ки ҳар сол дар кишварҳои рушдёбанда милиярдҳо доллар дуздида мешавад ё ба таври ришва баҷои дигар меравад, дар ҳоле, ки ба ин пулҳо дар бахшҳои беҳдошт, мактабҳо, таъмини оби тоза ва иҷоди зербано эҳтиёҷ доранд. Ришвахорӣ ниҳодҳои демократияро заъиф месозад ва авлавияти қонунро аз байн мебарад.
XS
SM
MD
LG