Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон: нерӯи низомии ИМА хоҳад афзуд


Фаъъолшавии "Толибон" ба афзудани нерӯҳои низомии байнулмилалӣ дар Афғонистон шудааст.
Фаъъолшавии "Толибон" ба афзудани нерӯҳои низомии байнулмилалӣ дар Афғонистон шудааст.

Аксари сарбозони амрикоӣ, ки қарор аст, аввали соли оянда ба Афғонистон эъзом шаванд, дар наздикиҳои Кобул мемонанд.

Дар ин бора рӯзномаи амрикоии The New York times хабар дода, шарҳ додааст, ки ин баёнгари нигарониҳо аз осебпазирии Кобул дар баробари афзоиши ҳамлаҳои Толибон аст.

Ромӣ Нелсон Грин, сухангӯи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон, мегӯяд, ки аксари сарбозони воҳиди то 4-ҳазорнафарии сарбозони амрикоӣ ба вилоятҳои Лугар ва Вардак Кобул фиристода мешаванд. Як қисми дигари сарбозонро ба шарқи Афғонистон, ба манотиқи марзии Покистон фиристода мешаванд.

The New York times бо нақли қавл аз фармондеҳони NАТО ва қувваҳои Амрико дар Афғонистон, навиштааст, таҳкими амният дар Кобул, заъиф кардани такягоҳҳои Толибон дар Вардаку Лугар ва таъмини суботи кофӣ дар ин вилоёт барои пешрафти иҷрои барномаҳои байнулмилалӣ ниҳоят муҳимманд.

Ин аввалин иқдом дар заминаи ҷойгир кардани теъдоди зиёди сарбозони эътилофи байнулмилалӣ дар ҳошияи ҷанубии Кобул мебошад. Кондолиза Райс, вазири умури хориҷаи Амрико, 5-уми декабр изҳор намуд, ки баррасии сиёсати ҳукумати Ҷорҷ Буш дар қиболи Афғонистон тақрибан такмил шуда ва стротежии тозаеро барои раисҷумҳури тозамунтахаби Амрико Барак Обама фароҳам мекунад.

Чанде пеш Ҳомиди Карзай бо нигаронӣ аз талафоти ғайринизомиёни афғон гуфта буд, ки ҷанг бояд ба зидди шӯришиён на дар рустоҳои Афғонистон, балки дар марказҳои онҳо дар марзҳои ҷанубӣ ва шарқии кишвар пеш бурда шавад.

Ба қавли Ҳумоюн Ҳамидзода, саросари Афғонистон ба шумули вилоятҳои Вардак ва Лугар ба нерӯҳои изофии тақвиятӣ ниёз доранд.

Ба навиштаи The New York times, ҳукумати Афғонистон барои густариши нуфузаш дар ин вилоят корро бо намояндагони мунтахаби мардум оғоз кардааст, то хидматгузорӣ беҳтар ва дили мардум ба ҳукумат гармтар шавад. Аммо, меафзояд ин нашрия, гурӯҳҳои шӯришӣ ба ин талошҳои ҳукумат мамониъат мекардаанд.

Дар гузориши The New York times” омадааст, ки вазорати дифоъи ИМА қасд дорад, то як соли дигар ба Афғонистон 20 000 сарбози изофӣ бифиристад. Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан дар дар Афғонистон 62 000 сарбози хориҷӣ, бо шумули 32 000 сарбози Амрико, мустақар ҳастанд.
XS
SM
MD
LG