Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародаӣ: Шикасти талошҳои ҷаҳон ва ИМА


Муҳаммад Ал-Бародаӣ - мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ гуфтааст, талошҳои Амрико ва ҷаҳон барои мамониат ба барномаҳои ҳастаии Эрон “шикаст” хӯрдааст. Муҳаммад Ал- Бародаӣ дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Лос Анҷелес Таймс” дар шаҳри Вена, афзудааст, талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ барои расидагӣ ба масъалаи барномаҳои ҳастаии Эрон дар чанд соли ахир пешрафти чандоне надоштааст. Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, се маротиба ба зидди Эрон таҳримоти байналмилалӣ эъмол кардааст, то ин кишварро водор ба даст кашидан аз ғанисозии ураниум намояд. Таҳримоте, ки ба гуфтаи Муҳаммад Ал-Бародаӣ боиси мавқеи сахтарро пеш гирифтани Эрон шудааст.
XS
SM
MD
LG