Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин муҳоҷиронро коҳиш додан мехоҳад


Владимир Путин: "Роҳи мо ин тараф аст"
Владимир Путин: "Роҳи мо ин тараф аст"

4-уми декабр суолу ҷавоби телевизионии В. Путин бо аҳолии Русия аз телевизиони марказии кишвар намоиш дода шуд.

Дар ин суолу ҷавоб Владимир Путин, нахуствазири Русия гуфт, дар соли 2009 бояд шумораи муҳоҷирони кории хориҷӣ дар Русия 50 дарсад коҳиш ёбад. Вай чунин тасмимро ба буҳрони молии сартосарӣ иртибот дод.

Бино ба ҳисобҳои тақрибӣ, беш аз як миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва аз ҳоло дар бисёре аз шаҳрҳои Русия кордиҳандагон музди кори моҳҳои ахири ин муҳоҷиронро пардохт накардаанд. Муҳоҷирони кории тоҷик ба нишонаи эътироз ба пардохт нашудани дастмуздашон дар Екатеринбург тазоҳуроти худро аз 26-уми ноябр ба ин сӯ идома медиҳанд.

Суолу ҷавоб бо Путин ба мавзӯъҳои мухталиф иртибот дошт. Путин ин корро бори аввал дар мақоми нахуствазирӣ анҷом дод. Ва ҳоло баъзе сару садоҳо дар гардиш аст, ки оё Дмитрий Медведев низ ин корро аз оқои Путин мерос хоҳад гирифт ё хайр. Нуктаи фарқкунадаи соли ҷорӣ ин буд, ки суъолу ҷавобҳо танҳо аз як канали телевизюнӣ пахш мешуд, дар ҳоле, ки солҳои пеш ҳамаи каналҳои Русия ба пхши он машғул мешуданд. Нуктаи ҷолиб ин буд, ки дар ин намоиш Путин худро онгуна нишон медод, ки вай ҳамчунон раҳбари Русия аст ва нуқтаи аслиро вай мегузорад.

Нишон додани нақши раҳбарӣ дар шароити кунунии Русия хатар низ дорад. Дар чашми аҳолии Русия Путин масъулияти ҳамаи душвориҳои иҷтимоъӣ, буҳрони молӣ ва буҳрони иқтисодии Русияро бар ӯҳдаи худ мегирад. ба ҳар ҳол, вай худро президенти ба истилоҳ "телевизионӣ" нишон медод, ба суъолҳо дар бораи муносибот бо Укроину Гурҷистон ва Амрико посух мегуфт. Вале ӯ нахуствазир ҳам буд ва ба суъолҳо дар бораи баста шудани ширкатҳо, арзиши пул ва амсоли он посух медод.

Ва аммо дар мавриди муҳоҷирони корӣ. Дар фурсати наздиктарин матлаби вижаи Радиои Озодӣ дар ин бора омода мешавад ва интишор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG