Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз паймони амниятии Ироқ истиқбол кард


Кохи Сафеди Амрико аз тасвиби Паймони Амниятӣ аз суи Шурои раёсати ҷумҳурии Ироқ ба унвони "дастоварди муҳим" истиқбол кард. Ин паймон ҷойгузини қатъномаи СММ дар бораи истиқрори нируҳои эътилоф дар Ироқ хоҳад шуд, ки эътибораш моҳи декабри соли 2011 ба поён мерасад. Ба Шурои раёсати ҷумҳурӣ Ҷалоли Талабонӣ-раиси ҷумҳури Ироқ ва ду муовини вай дохил мешаванд. Порламони Ироқ паймони мазкурро як ҳафта пеш пазируфт ва ҳоло Шурои раёсати ҷумҳурӣ онро ба тасвиб расонд.

XS
SM
MD
LG