Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама вазири тиҷорати ҳукуматашро таъин кард


Раисҷумҳури мунтахаби Амрико Барак Обама ва вазири тиҷорат дар ҳукумати нав Бил Ридчардсон
Раисҷумҳури мунтахаби Амрико Барак Обама ва вазири тиҷорат дар ҳукумати нав Бил Ридчардсон

Раисҷумҳури мунтахаби Амрико Барак Обама таъид кард, ки ба мақоми вазири тиҷорат дар ҳукумати нав волии аёлати Ню-Мексико - Бил Ридчардсонро баргузидааст.

Зимни нишасти матбуъотӣ дар шаҳри Чикаго Барак Обама дар ин бора гуфт, “феълан замонест на танҳо барои вокуниши фаври ба таҳдидҳои иқтисодӣ, балки оғози бунёди зербинои шукофоии давомдори кишвар, кӯмак ба рушди корхонаҳои Амрико пешрафти онҳо дар дохили кишвар ва таҳкими талошҳо барои ташвиқи ин корхонаҳо дар саросарӣ дунё. Ин кор вазифаи аввалиндараҷаи вазири тиҷорат мебошад ва бо ин паҳноиву умқи собиқаи ҳаёти иҷтимоияш Ричардсон беҳтарин интихобест ба мақоми дипломати аршади тиҷоратии Амрико.”

Ҳамин тавр Ричардсон дар баробари Ҷо Байден ва Ҳилларӣ Клинтон аллакай севвумин рақиби Обама дар маъракаи интихоботии дохилиҳизбӣ шудааст, ки дар ҳукумати вай соҳиби мақоми баландрутба мегардад.

Ричардсон намояндаи ҷомеаи испаниёитабори Амрико буда, пешниҳоди чунин вазифаи аршад аз афзоиши аҳамияти ин қисми аҳолӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар шаҳодат медиҳад. Аммо ин бори нахуст нест, ки Ричардсон дар ҳукумат кор хоҳад кард, замони раёсати ҷумҳурии Бил Клинтон вай ба ҳайси вазири энерҷӣ ва сафири ИМ дар СММ ифоъи вазифа мекард.

Ричардсон соли 1947 дар аёлати Калифорниё ба дунё омада, дар Мексико-сити ба воя расидааст. Баъдан вай дар мактабҳои мухталифи Амрико таҳсил намуда, хатмкунандаи донишгоҳи “Таф” мебошад. Баъд аз хатми таҳсил вай дар комиссияи Конгрес дар умури равобити байнулмилалӣ дар вазифаҳои гуногун кор мекард ва пас аз ин вориди сиёсат шуд. Солҳои 1983 1997 вай намояндаи аёлати Ню-Мексикои Амрико дар конгресси кишвар буд. Соли 1997 Бил Клинтон Ричардсонро сафири Амрико дар СММ ва як сол баъд ба вазифаи вазири энержии кишвар таъин кард. Вай дар ин мақом то ба поён расидани даври ҳукуматдории Клинтон дар соли 2001 боқӣ монд.

Таҷрибаи бузурги кори дипломатӣ ва хислатҳои шахсии Ричардсон сабаб шуд, ки ҳангоми ҷустуҷӯи номзад ба мақоми вазири корҳои хориҷӣ Барак Обама номзадии вайро дар баробари номзадии Ҳилларӣ Клинтон баррасӣ кунад, аммо бо вуҷуди он, ки Обама ба собиқ хонуми аввал авлавият дод, ӯ Ричардсонро дар канор нагузошт.

Зимни маъракаи интихоботии дохилиҳизбӣ Ричардсон нахуст шонсҳои хуб дошт, аммо баъд аз нокомӣ дар назарсанҷиҳои Айова ва Ню-Ҳемпшир 10 январ аз сабқат хориҷ шуда, дар моҳи март расман аз номзадии Обама ҷонибдорӣ намуд.

XS
SM
MD
LG