Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо 8 кило ҳероин


Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири ҷумҳурии Қирғизистон аз як шаҳрванди Тоҷикистон 8 кило ҳероин мусодира кардааст.

Кумарбек Чолдонбоев, сухангӯи идораи мазкур, дар робита ба ин мавзӯъ ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, дар наздикии яке аз рустоҳои ноҳияи Соқулуки вилояти Чуй мошини сохти «Тайота» манъ карда шуд. Онро шаҳрванди 38-солаи Русия Саидаҳмад Савуев идора мекард, ки дар ҷумҳурии Чеченистон ба дунё омадааст, вале дар ҳамин ҳол ронандаи раиси созмони чеченҳои Қирғизистон мебошад.

Ба гуфтаи сухангӯи оҷонси мубориза бо маводи мухаддир зимни талошии ин мошин маълум шуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон Ҳақназар Ҳақназаров низ бо Савуев як ҷо дар ин мошин ҷониби Бишкек ҳаракат мекард.

Кумарбек Чолдонбоев мегӯяд, дар як қуттӣ, ки аз дохили мошин пайдо шуд ва фавран барои таҳқиқ фиристода шуд, 8 кило ҳероин мавҷуд будааст. Ин манбаъ гуфт, ронандаи мошин шаҳодат медиҳад, ки ин қутӣ ба Ҳақназар Ҳақназаров тааллуқ дошт. Дар ҳамин ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуд.

Ба таъкиди Кумарбек Чолдонбоев, кочоқбарони маводи мухаддир дар ин авохир бо истифода аз қаламрави Қирғизистон ва Тоҷикистон маводи мухадирро ба Русия ва Аврупо интиқол медиҳанд. Вай мегӯяд, мутаассифона, боздошти қочоқбарони маводи мухаддир ва ифшои гурӯҳҳое, ки ба қочоқи маводи мухаддир машғуланд, мавҷи интиқоли ин мавод ба Русия ва аз он ҷо ба Аврупоро чандон коҳиш надодааст.

Гуфта шуд, зеро қочоқбарон роҳу усулҳои тоза ба тозаро дар мавриди интиқоли маводи мухаддир кашф мекунанд. Бояд тазаккур дод, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз пеши як афсари хадамоти гумруки Тоҷикистон дар марзи Қирғизистон 5 кило ҳероин мусодира шуда буд.

XS
SM
MD
LG