Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин фурудгоҳи муҳосирашударо тарк мегӯянд


То ҳанӯз маълум нест, ки тақрибан 350 ҳазор сайёҳони хориҷӣ Таиландро кай тарк хоҳанд гуфт. Мақомот умедворанд, ки фурудгоҳи байнулмилалии Бангкок аз рӯзи панҷшанбе бо низоми пешин фаъолият мекунад. Ин фурудгоҳ тақрибан ҳашт рӯз таҳти муҳосираи аҳзоби мухолифи ҳукумат қарор дошт. Рӯзи чаҳоршанбе эътирозгарон ба тарки фурудгоҳ шурӯъ карданд.

Дирӯз Додгоҳи Қонуни асосии Таиланд сарвазир Сомчай Вонгсаватро аз ҳаққи ширкат дар умури сиёсат дар панҷ соли оянда маҳрум ва ҳизби ҳукмрон – Ҳизби қудрати мардумиро пароканда кард. Эътилофи иборат аз ин ҳизб ва ва ду ҳизби ҳампаймонаш аз сӯи Додгоҳи Қонуни асосӣ дар тақаллуби натоиҷи интихоботи порлумонӣ дар як соли пеш муттаҳам мешавад.
XS
SM
MD
LG