Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ барои Қирғизистон 20 милён доллар кумак хост


СММ барои наҷоти Қирғизистон аз камбуди энержӣ дар зимистони ҷорӣ 20 милён доллар кумаки фаврӣ дархост кардааст. СММ бо ин пул маводи ғазоӣ, сарпаноҳ, манобеъи изофии оби ошомиданӣ ва барои бемористонҳо нируи барқ таъмин мекунад. Қирғизистон барои таъмини аҳолӣ бо энержӣ ба ниругоҳҳои барқиаш умед бастааст, вале сатҳи об дар обанбори Токтагул-бузургтарин ниругоҳаш поин аст.

XS
SM
MD
LG