Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 кушта дар Ироқ дар 1 рӯз


Мақомот гуфтанд, ки имрӯз дар паи таркишҳо дар Ироқ дасти кам 30 нафар кушта ва 45 тан захмӣ шуданд. Таркиши аввал дар назди як мактаби полиси шаҳри Бағдод рӯй дод ва аз ҳамин хотир, дар миёни қурбониҳои ин ҳодиса шумори ҳам мардуми осоишта ва ҳам низомиҳо зиёд аст. Дар шимоли Бағдод таркише як мақоми вазорати дифоъро дар назди манзили ӯ шадидан маҷрӯҳ карда се нафарро ба қатл расондааст. Таркиши маргталабе дар Мосул, ки зидди нирӯҳои амниятии ироқиву амрикоӣ равона шуда буд, дасти кам 14 нафарро кушта 30 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG