Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи мубориза бо СПИД: пешравиҳо ва чолишҳо


Имрӯз 20-умин солгарди рӯзи ҷаҳонии СПИД мебошад. UNAIDS, як барномаи муштараки СММ оид ба СПИД ва HIV бо пахши гузорише мегӯяд, ки соли ҷорӣ барои хушҳолӣ ва ҳам изҳори нигаронӣ аз вазъи густариши ин вируси марговар дар ҷаҳон сабабҳое мавҷуд аст. Ин созмон мегӯяд, ки назар ба гузаштаҳо, имрӯз шумори камтари одамон ба ин вирус олуда мешаванд. Ва далели ин дар тавсеаи барномаҳои ҷилавгирӣ аз густариши HIV дар сартосари ҷаҳон мебошад, мегӯяд UNAIDS. Аммо дар айни замон, ба хотири дастёбӣ ба пешравиҳо дар оянда дар шароити нобасомониҳои иқтисодӣ, талошҳои имрӯза бояд ҳамчунон идома ёбад.
XS
SM
MD
LG