Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Э. Раҳмон дар саммити Қатар


Дар пойтахти Қатар, конфаронси СММ оид сармоягузории рушд доир шуд, ки дар он раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ суханронӣ кард.

Жозе Мануэл Баррозо, раҳбари Комисиюни Аврупо, даъват кард, ки дар шароити буҳронии ҷаҳонии молӣ барои кишварҳои фақир чораҳои ба истилоҳ “наҷоти башарӣ” пиёда шавад. Зимни суханронӣ дар конфаронси Созмони Милали Муттаҳид оид сармоягузории рушд Баррозо нодида гирифтани азияти мардум бар асари пойинравии сартосарии иқтисодро ғайриоқилона ва ноодилона арзёбӣ кард.

Дар нишасти Давҳа инчунин аз он изҳори нигаронӣ шуд, ки буҳрони сартосарии иқтисодӣ шояд ба коҳиши кумакҳои кишварҳои пешрафта ба мамолики фақир биёварад. 6 сол қабл кишварҳои нерӯманди олам эълом доштанд, ки ба хотири то соли 2015 тақрибан 50 дарсад коҳиш додани фақру нодорӣ кумак ба кишварҳои фақирро ду карат афзоиш медиҳанд. Аммо, ба иттилоъи СММ, аз 50 миллиард доллари се сол қабл дар саммити “ҳаштгонаи бузург” ваъдашуда ҳамагӣ 20 миллиардаш ҷудо шудаасту халос. Ва ин дар ҳолест, ки тавре дар нишасти Давҳа гуфта шуд, дар маҷмӯъ барои таъмини рушд дар ҷаҳон тахсиси 130 миллиард доллар зарур аст.

Роберт Зелик, раиси Бонки ҷаҳонӣ, гуфт, интиқоли 42 миллиард доллар, ки барои кумак ба кишварҳои фақир ҷудо шудааст, таййи се соли наздик сурат мегирад.

Ба иттилоъи сомонаи интернетии president.tj , рӯзи шанбе Эмомалӣ Раҳмон низ дар нишасти Давҳа суханронӣ кард. Сарвари Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳукумат бунёди нерӯгоҳи Роғун ва дигар нерӯгоҳҳои обиву барқиро аз самтҳои асосии фаъъолияти худ қарор додааст ва дар сурати дар бунёди онҳо кумаки кишварҳову созмонҳои байнулмилалӣ содироти беш аз 25 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ ба Покистон, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва дигар манотиқ мумкин хоҳад шуд.

Э. Раҳмон аз байн бурдани мониъаҳои тиҷоратӣ ва рушди савдо, бунёди роҳҳои оҳану мошингарди минтақаӣ, истифодаи убурии марзи Осиёи Марказӣ ва пайвастани минтақа ба бандарҳои Халиҷи Форс ва Уқёнуси Ҳиндро низ чун омилҳҳои муҳимми коҳиши таъсири манфии буҳрони сартосарии иқтисодӣ ба ин минтақа арзёбӣ намуд.

Дар ҳамин ҳол, ӯ аз кишварҳои пешрафтаи саноъатии олам ва созмонҳои молии ҷаҳонӣ даъват кард, ки дар татбиқи ин тарҳҳо ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба Тоҷикистон, ёрӣ расонанд.

Ба иттилоъи расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Қатар бо сарвари ин кишвар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ дидору гуфтугӯ дошт. Дар ин мулоқот мавзӯъи ифтитоҳи хатти мустақими парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар, бо сармояи Қатар дар шаҳри Душанбе бунёд шудани як масҷиди бузург ва мактаби замонавӣ, сохтмони манзил аз сӯи ширкатҳои қатарӣ баррасӣ гардид.

Э. Раҳмон ва шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ ҳамчунин дар мавриди таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди асал, меваву сабзавот ва гӯшту шир дар Тоҷикистон барои содирот ба Қатар суҳбат карданд.

Сарвари Тоҷикистон бо раҳбарони чанд кишвари дигар ва ҳамчунин бо Дабири Кулии СММ Пан Ки Мун ва Раиси Кулли Созмони ҷаҳонии тиҷорат Паскал Ламӣ низ мулоқот дошт. Дар мулоқот бо Паскал Ламӣ ӯ хостори суръат бахшидан ба раванди пазируфтани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат шуд ва таъкид намуд, ки раванди мутобиқсозии қонунгузории Тоҷикистон ва низоми тиҷоратии кишвар ба меъёрҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат идома дорад.
XS
SM
MD
LG