Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ОПЕК талоши ҷилавгирӣ аз коҳиши нархи нафтро дорад


Вазирони нафти ОПЕК, Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт, дар як нишасти ғайрирасмӣ дар Қоҳира масоили марбут ба ҷилавгирӣ аз пойинравии қимати маводи сӯхт дар бозори ҷаҳонро баррасӣ мекунанд. Қаблан ин кишварҳо тасмим гирифта буданд, ки истихроҷи шабонарӯзии нафтро якуним миллион бушка коҳиш диҳанд. Бо вуҷуди ин пойинравии қимати нафт идома кард ва ин ҳафта то 50 доллар барои як бушка расид. Ёдовар мешавем, миёнаҳои сол қимати як бушка нафт то 147 доллар боло рафта буд.

Кишварҳои узви ОПЕК ва Русия дар маҷмӯъ 80 дар сади захираҳои нафти оламро дар ихтиёр доранд.

XS
SM
MD
LG