Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти амалиёти зиддитерористӣ дар Ҳинд


Нерӯҳои махсуси Ҳиндустон кӯшишҳо ҷиҳати хотима додан ба амалиёти терористӣ дар шаҳри Мумбайро идома медиҳанд, ки даҳҳо нафар кушта бар ҷой гузошт. Рӯзи чаҳоршанбе гурӯҳҳои мусаллаҳи тундрав ба ин шаҳри пешрафтаи Ҳинд ҳамла карда ва даҳҳо нафарро гаравгон гирифтанд. Бино ба хабарҳо, теъдоди қурбониён дар ин ҳамлаҳо аз 140 нафар гузаштааст.

Дар миёни қурбониён шаҳрвандони Амрико, Австралия, Ҷопон, Итолиё, Бритониё ва Олмон ҳам будаанд. Вазорати дифоъи Исроил гуфт, амалиёт барои хунсо кардани тундравон, ки дар маркази яҳудиёни Мумбай чандин нафар аз ҷумла исроилиёнро гаравгон гирифтанд, хотима ёфт. Дасти кам панҷ нафар аз гаравгонон дар ин маҳал ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG