Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Қоида ҳукумати Карзайро "заъиф" хонд


Айман Завоҳирӣ - фармондеҳи дуввуми созмони терористии Ал- Қоида, дар як баёнияи видеоӣ гуфт, талоши Афғонистон барои музокирот бо Толибон баёнгари заъифии давлати он аст. Дар навори видеоии 1 соату 20 дақиқаӣ, ки дар як форуми интернетии тундравони исломӣ гузошта шудааст, Айман Завоҳирӣ иддаъо мекунад, ки Амрико “дар Афғонистон ва манотиқи қабоилнишини Покистон” ба шикасти ногузир рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ба андешаи Завоҳирӣ, пешрафтҳои Амрико дар Ироқ муввақатианд ва ҳукумати Ироқ нерӯҳои мусаллаҳи бо кӯмаки амрикоиҳои таъсисёфтаи суннимазҳабонро нахоҳад пазируфт.
XS
SM
MD
LG