Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи даргириҳо дар Мумбайи Ҳинд


Силсилаи ҳамлаҳои ҳамзамон дар чанд минтақаи шаҳри Мумбайи Ҳиндустон зиёда аз 119 кушта ва 300 захмӣ ба ҷой гузошт.

Намоиши ҳодиса аз шабакаҳои ҷаҳонии телевизионӣ бинандагонро такон медиҳад. Гурӯҳе, ки гуфта мешавад, ба як созмони ситезаҷӯёни исломӣ марбут аст, мардуми хиёбонро ҳадаи тир қарор дод, ду меҳмонсароро ишғол карда, бошандагонро онро ба гарав гирифт ва талаб кард, ҳамаи исломгароёни маҳбус аз зиндонҳои Ҳиндустон озод карда шаванд.

Шабакаҳои ҷаҳонии телевизионӣ аз ҷумла саҳнаеро, ки тасодуфан наворбардорӣ шудааст, нишон доданд. Мусаллаҳон савори як мошини сабкурави боркаш аз хиёбон рад мешаванд ва ҳамзамон ба раҳгузарон тирандозӣ мекунанд.

Яке аз шоҳидони ҳодиса мегӯяд, дар чунин тирандозиҳо ҳамсараш захмӣ шудааст: "Ман ва шаша нафари дигар, аз ҷумла модарам, дар пойгоҳи роҳи оҳан истода будем, то ба рустои худ баргардем. Наздик монда буд, ки ба қатори Гитонҷолӣ Експресс боло шавем, ки ногаҳон дар наздикии бору колои мо ҳамагӣ чанд қадам дуртар чизе мунфаҷир гашт. Ман ҷаҳидам, ки борубунаро бардорам садои тир омад ва ҳамсарам, ки дар паҳлуи ман буд, захмӣ шуда, фуру афтод."

Ҳамлаварон инчунин меҳмонхонаҳои панҷситораи "Тоҷмаҳал" ва "Трайдент-Оберой"-ро ишғол карданд. Субҳи дирӯз нерӯҳои таъиноти махсуси Ҳиндустон тавонистанд, аз меҳмонсарои "Тоҷмаҳал" даҳҳо гаравгонро озод кунанд, вале даҳҳо нафари дигар дар утоқҳои меҳмонхона дар асорат мондаанд.

Мақомоти расмии Ҳиндустон мегӯянд, дар ин ҳамлаҳо зиёда аз 100 нафар кушта шудаанд. Сония Гондӣ, раиси ҳизби ҳокими Паймони Муттаҳидаи Тараққипарвар аз мардум даъват кард, ба иғво дода нашаванд. Хомуни Гондӣ гуфт: "Ҳамлаи номардонаи террористӣ дар Мумбай як амали буздилона аст, ки бояд шадидан маҳкум шавад. Шумори бузурге аз мардуми осоишта кушта шуда, шумори бештаре дар ин қатлиоми бераҳмона захмӣ шуданд. Ман аз мардуми Мумбай даъват мекунам, дар ин лаҳзаҳои озмоиш ором бошанд. Ман мӯътақидам, ки қатъияти мардуми Мумбай халалнопазир боқӣ мемонад."

Дар паёме ба миллат, сарвазири Ҳиндустон, Манмоҳан Сингҳ гуфт, ҳамла аз пеш тарроҳӣ шуда, эҳтимолан пайвандҳои берунӣ дорад. Аммо дар расонаҳои Ҳиндустон ва ҷаҳон баҳс аз он аст, ки оё ин ҳамлаварон аз худи Ҳиндустонанд ё аз хориҷ ба ин кишвар ворид шудаанд. Гурӯҳе, ки масъулияти ин ҳамлаҳоро ба зимма гирифтааст, худро "Деккан Муҷоҳидин" меномад. Як узви он дар намоиши телевизиони ҳинд аз меҳмонсарони Трайдент-Оберой талаб кард, ки ҳамаи исломгароёни маҳбус аз зиндонҳои Ҳиндустон озод шаванд.

Мумбай дар гузашта низ ҳадафи ҳамлаи террористҳо қарор ёфта буд. Моҳи июли соли 2006 дар ин ҷо бар асари бомбгузорӣ 187 нафар кушта шуданд. Аммо ҳеҷ яке аз он ҳамлаҳо ошкоро хориҷиёнро ҳадаф нагирифтаанд. Дар миёни гаравгонҳо дар ду меҳмонсаро шаҳрвандони Амрико, Бритониё, Итолиё, Шведсия,Канада, Яман, Зелонди Нав ва Исроил зиёд будаанд. Инчунин яке аз марказҳои мазҳабии яҳудиён ҳадафи ҳамла шудааст.

Сандип Ҳардваҷ, коршиноси Пажӯҳишгоҳи сулҳ ва низоъ дар Деҳлии Нав мегӯяд: "Зоҳиран, рӯшантарин шарҳи ҳодиса ин аст, ки ситезаҷӯён мехоҳанд, шинохти байнулмилалӣ ба даст оранд. Осиёи Ҷанубӣ ҳоло яке аз террорзадатарин минтақаҳои ҷаҳон аст, аммо расонаҳои байнулмилалӣ дар бораи терроризм дар Ҳиндустон хеле кам сӯҳбат мекунанд. Ҳамлаварон дар пайи ҳузур ёфтан дар расонаҳои байнулмилалӣ мебошанд."

Кумисюни Аврупо, Фаронса ва кишвару симоҳои дигари ҷаҳонӣ ин ҳамлаҳоро ба шадидтарин лаҳн маҳкум карданд. Мақомоти зидди терроризм дар Кохи Сафеди Вошингтон гирдиҳам омаданд, то бубинанд, ба ҳукумати Ҳиндустон чӣ кӯмаке карда метавонанд.
XS
SM
MD
LG