Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ливнӣ хостори ба таътил рафтани Олмерт шуд


Вазири хориҷаи Исроил Тзипӣ Ливнӣ хостори билофосила тарки курсӣ кардани сарвазири феълӣ Эҳуд Олмерт шуд. Як рӯз қабл, додситони кулли Исроил эълон кард, ки мехоҳад алайҳи Олмерт айбнома эълон кунад. Хонум Ливнӣ имрӯз ба раҳбарони ҳизби Кадимаи ӯву Олмерт гуфт, сарвазир ба ҷуз аз гирифтани таътил интихоби дигаре надорад. Ӯ афзуд, Исроил дар курсии раҳбарии давлат боқӣ мондани нафареро, ки ба фасод муттаҳам шудааст, таҳаммул карда наметавонад. Тзипӣ Ливнӣ эъломияи додситони куллро як имтиҳони ахлоқӣ барои Олмерт номид.
XS
SM
MD
LG