Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари муомилаи ТАЛКО бо "Ансол" тасдиқ шуд


Намояндаи ҳуқуқии ТАЛКО дар Лондон, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки баҳси ширкати давлатии алюминсозии Тоҷикистон бо шарики собиқаш - ширкати “Ансол”-и Аваз Назаров дар додгоҳи Лондон бо муомилаи тарафайн ба поён расидааст. Ҷонибҳо ҳамчунин тавофуқ кардаанд, ки шароити ин мувофиқаро ифшо накунанд. Мурофиаи ахири ТАЛКо бо “Ансол” дар додгоҳи Лондон рӯзи 27 октябр оғоз ёфта буд. Даъвоҳои додгоҳии ширкати ТАЛКО бо “Ансол” ва ширкатҳои дигари муддаӣ аз пурҳазинатарин даъвоҳо дар таърихи додгоҳҳои Бритониё маҳсуб шуда, бино ба хабарҳо, ҳаққи ширкати ҳуқуқии “Ҳерберт Смиф”, ки аз ТАЛКО ҳимоят мекунад, ҳудуди 90 миллион фунт стерлингро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG