Дар ин бора додситонии кулли Русия дар посух ба дархости раиси Бунёди дифоъ аз ошкорбаёнии ин кишвар Алексей Симонов ва раиси Пен-сентри Русия Андрей Битов хабар додааст.
Муроҷиъати Симонов ва Битов дар авохири моҳи сентябри имсол ба унвони раисҷумҳурии Русия ва ба додситонии кулл фиристода шуда буд. Ин ду созмон аз раисҷумҳур ва додистонии кулли ин кишвар тақозо кардаанд, то аз истирдоди Додоҷони Атовуллоҳ, сардабири нашрияи “Чароғи рӯз”, ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ шавад.
Алексей Симонов гуфт, мақомоти додситонии Русия дар посух ба номаи ӯ навиштаанд, ки дар ҳоли ҳозир ҳеч дархости нави мақомоти Тоҷикистон ба Маскав нарасидааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, ба Вазорати умури дохилии Русия супориш шудааст, ки ба ҳеч гуна амалиёти ҷустуҷӯ ва боздошти ҷаноби Атовуллоҳ дар ҳудуди Русия иҷоза дода нашавад: “Ғайриинтизори мо посухи мақомот нарм буд. Сухан дар бораи он меравад, ки то ҳоло мақомоти додситонии Русия аз ҳамтоёни тоҷикашон дархостеро барои боздошт ва истирдоди ҷаноби Атовуллоҳ дастрас накардаанд. Баъд аз ин Додоҷони Атовуллоҳ метавонад бидуни бим дубора ба Маскав биёяд ”.
А. Симонов мегӯяд, муносибати Додоҷони Атовуллоҳ бо ҳукумати кунунии Тоҷикистон чандон сода нест. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, ҷониби Душанбе метавонад ҳар лаҳза нисбати навиштаҳои ҷаноби Атовуллоҳ эрод гирад ва ӯро дар таҳқиру таҳвини мақомдорони тоҷик муттаҳам кунад. Вале идома медиҳад ӯ, баҳсе, ки тӯли ин муддат миёни сардабири “Чароғи рӯз” ва мақомоти Тоҷикистон сурат мегирад, шабеҳи баҳсе миёни карҳо ва кару гунгҳост.
Олег Панфилов, раиси Маркази журналистикаи изтирории шаҳри Маскав, аз назари ҳуқуқӣ радди даъвои мақомоти додситонии Тоҷикистон аз сӯи додситонии Русияро бесабаб намедонад: “Ба назари ман, нахуст ҷониби Русия хостори моҷарои навбатӣ нест. Баъдан, додситонии Русия хуб медонад, ки иттиҳомоти мақомоти додситонии Тоҷикистон дар баробари Додоҷони Атовуллоҳ заъиф аст. Зеро онҳо, ба ҷуз ин ки ҷаноби Атовуллоҳ онҳоро дар нишасту бархостҳое бад гуфтааст, мисоли равшантаре оварда наметавонанд”.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, бо ишора ба даъвои додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, таъқиб барои ошкорбаёнӣ дар кишварҳои мутамаддин ғайри қобили қабул аст. Ва ба гуфтаи ӯ, агар ошкорбаёнӣ ба дарки муҳофизони ҳуқуқи Тоҷикистон ҷиноят бошад, дар кишварҳои аврупоӣ як кори маъмулии журналистист. Бо ин ҳол, Баҳодур Ҳомидов як масъули Додистонии кулли Тоҷикистон, гуфт, ки то ҳанӯз дар ин бора аз мақомоти додситонии Русия посухе дарёфт накардаанд.
Қаблан хабар расида буд, ки мақомоти Тоҷикистон дар пайи боздошт ва истирдоди ҷаноби Атовуллоҳ ба ватанаш мебошанд. 22-вуми сентябри соли 2008 додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов дар нишасти матбуъотӣ дар Душанбе гуфт, алайҳи Додоҷони Атовуллоҳ, сардабири нашрияи “Чароғи рӯз” ва раҳбари созмони “Ватандор”, дар Маскав парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба зудӣ ӯ боздошт ва ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад. Ин эъломияи Б. Бобохонов ва хабари сафари ҳайъати вижа ба Маскав барои боздошти сардабири “Чароғи рӯз” сабаб гаштанд, ки ҷаноби Атовуллоҳ ахиран ба Олмон ва аз он ҷо ба Фаронса ҳиҷрат кунад.
Чомеашиносон ягон маротиба дар бораи вазьи иктисодии омузгор ва нархи бозорхо гап намезада бошанд.
Агар ин заданро як мулло анчом медод бовар дорам ба хабс махкум мешуд. Ин муаллима бачахои мардума барра гумон кардаст. Ин муаллима бояд чупон бошад на омузгор!!!
Чаро Хадамоти зиддимонополи хомуш аст, як ниходи давлати бозори молии кишварро монполи мекунад ракобатро аз байн мебарад, дар Точикистон Конун барои мардуми одди аст, барои авлоду хешовандони рахмонов на Конун асту на инсофу на вичдон, пас ин суханхои мегуфта хама бефоидаанд
Ман аз ин кори омузгор дар шигифт афтодам ман низ омузгорам собикаи кории 30 сола дорам лекин ягон бор хонандаеро озор надодаам аз богча сар карда то синфи ибтидои то синфхои болои айни хол ба донишчуен дарс мегуям сахтгирам лекин бо дигар методхо яьне бо сухан бо мондани бахои 2 е инки бо корхои инфироди ва. Гайрахо илтимос чаноби вазири маориф чунин омузгоронро ки сазовори номи омузгорро надоранд аз кор чавоб диханд ба тарики озмун омузгор гиранд хайр чи маош 700 сомони ман дар солхои бади чанги шахрванди 3.сол бо маоши ночиз кор кардем ин манои онро надорад ки мо фарзандони миллати худамонро зери шиканча гирем ин дар ягончои инсони рост намеояд
Маро мезадан хуб мешуд мехондам ...амо Ози Ман бе савод мондам ...тоба бе сабаб набудагист