Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Ироқ дар садади тасвиби паймони амниятӣ


Имрӯз дар парлумони Ироқ раъйгирии дигарбораи паймони амниятии Ироқу Амрико доир хоҳад шуд. Ин созишнома замони ҳузури нирӯҳои 150 000-нафарии Амрико дар Ироқро то поёни соли 2011 тамдид мекунад. Эътилофи ҳокими аҳзоби курду шиъа аз ин паймон пуштибонӣ мекунанд ва орои вакилони онҳо ғолибан барои тасвиби қарордоди амниятӣ кифоят мекунад. Раъйгирии паймони амнияти бо Амрико дар парлумони Ироқ ба хотири дарёфти пуштибонии бештари вакилони суннӣ 1 рӯз ба таъхир уфтод. Вакилони суннӣ дар баҳои пуштибонӣ аз ин паймон ноил шуданд, ки қарордод соли оянда дар мазҳари райъпурсии ҳамагонӣ гузошта шавад.
XS
SM
MD
LG