Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти нирӯҳои вижаи Ҳинд дар Мумбай


Рӯёрӯии нирӯҳои вижаи Ҳинд бо силоҳбадастон дар Мумбай идома дорад. Дар пайи силсилаи ҳамалоти мусаллаҳ, ки дар пойтахти молии Ҳинд ҳудуди 80 нафарро кушта ва беш аз 200 тани дигарро захмӣ барҷой гузошт, нирӯҳои вижа ду меҳмонсаройро, ки дар он силоҳбадастон, бино ба хабарҳо, гаравгонҳоро нигоҳ медоранд. Патил, ноиби сарвазири аёлати Маҳараштра гуфт, тақрибан 10-12 ҷангӣ шояд аз 100 то 200 нафар аз меҳмонон ва кормандони меҳмонсаройи “Тридент- Оберой”-ро ба асорат гирифтаанд. Патил ҳамчунин гуфт, бо террористҳо ягон навъ музокирот доир нахоҳад шуд. Афроди мусаллаҳ рӯзи чоршанбе ду меҳмонсарой, истгоҳи роҳи оҳан ва як бемористонро ҳадафи ҳамла қарор доданд.
XS
SM
MD
LG