Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи сарони 21 кишвари Осиё ва Амрико


Сарони кишварҳои Осиё ва Амрико ваъда доданд, ки дар ҷилавгирӣ аз пасрафти амиқи иқтисодӣ дар ҷаҳон даст ба амалҳои зуд ва қатъӣ хоҳанд зад. Ин изҳорот дар поёни нишасти сарони 21 кишваре садо дод, ки ҳамчун аъзои Анҷумани ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором дар Перу ҷамъ омада буданд. Онҳо гуфтанд, тиҷорати озод ва харҷи бештари ҳукуматҳо роҳи асосии ҳалли бӯҳрон аст, ки ба гуфтаи онҳо дар 18 моҳи оянда муяссар хоҳад гашт. Президенти Амрико, Ҷорҷ Буш, дар ин охирин сафари хориҷии худ, пеш аз итмоми даври раёсаташ, дар ҳошияи нишаст бо сарони Чин, Ҷопон ва Русия мулоқот кард.
XS
SM
MD
LG