Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҷазираҳои Курил идома хоҳад кард


Ҷопон ва Русия дар мавриди чаҳор ҷазираҳои баҳсталаби Курил музокирот мекунанд. Таро Асо, сарвазири Ҷопон дар сӯҳбат бо нашрияи "Коммерсант", чопи Маскав гуфтааст, ки дар мавзӯи ба Ҷопон баргардонидани ин ҷазираҳо бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар долонҳои нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиёву Уқёнуси Ором музокирот мекунад. Ин нишаст рӯзи ҷумъа дар Перу ифтитоҳ шуд.
Таро Асо афзуд, ки барои ҳарду кишвар ҳалли мушкили ин чаҳор ҷазира басо муҳим аст, зеро ба думболи он созиши сулҳ имзо хоҳад шуд, созише, ки шаҳодати қонунии анҷоми ҷанги дуввуми ҷаҳон миёни Русияву Ҷопон хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG