Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дума тарҳи тағйирот ба Қонуни асосиро пазируфт


Думаи давлатии Русия тарҳи тағйирот ба Қонуни асосии кишвар дар мавриди тамдиди мӯҳлати раёсати президет ва ваколати Думаро дар баррасси саввум пазируфт. Тибқи ин тарҳ, ки аз сӯи раиси ҷумҳур Дмитрий Медведев ду ҳафта қабл, зимни нахустин паёмаш ба Шӯрои Федератсия пешниҳод шуда буд, мӯҳлати раёсатиҷумҳурӣ то 6 шаш ва ваколати порлумони Русия то 5 сол тамдид мешавад. Раиси кумитаи қонунгузории конститутсионии Думаи давлатӣ Владимир Плигин дар ташреҳи ин тағйирот бори дигар таъкид намуд, ки қонуни нав фақат дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳур ва порлумонӣ татбиқ хоҳад шуд.

Акнун тарҳи тағйирот ба Қонуни асосӣ барои тасвиб ба Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумони Русия фиристода мешавад.

XS
SM
MD
LG