Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи 350 килограмм шири хушки Чин дар Тоҷикистон


Бо вуҷуди эълони мақомоти Тоҷикистон, ки пас аз дастури муайяни давлатӣ аз Чин ба кишвар ягон ғизои ширӣ ворид нашудааст, дар шаҳри Кӯлоб қариб 350 килограм шири хушки тавлиди Чин кашф ва мусодира гардид. Маълум гаштааст, ки ҳатто ба беморони шифохонаи бемориҳои сирояткунандаи шаҳри Кӯлоб аз ҳамин гуна шир дода мешудааст. Таҳлили шири хушки Чин нишон додааст, ки дар таркиби он туршӣ ва нам чандин баробар зиёд ва руған 4 баробар кам будааст ва аз он ҳамчунин бӯи бегона меомадааст. Сарпизишки беҳдошти минтақаи Кӯлоб Саид Давлатов ба хабаргузории Азия Плюс гуфтааст, тафтиши маҳсулоти ширӣ дар ин минтақа идома дорад. Таври маълум аз маҳсулоти бесифати ширии Чин дар худи ин кишвар 53 ҳазор нафар заҳролуд шуда, чаҳор кӯдак ба ҳалокат расид ва сад нафар вазъи сангин доранд.
XS
SM
MD
LG