Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи ду захмии таркиши газ дар Душанбе


Пизишкон мегӯянд, вазъи ду сокини шаҳри Душанбе, ки аз таркиши газ дар манзили зист захмӣ шудаанд, сангин аст, вале хатарнок нест. Ҳарду зан, яке 49 ва дигаре 74-сола дар маркази табобати сӯхтагон зери назари пизишкон буда, шаҳрдори Душанбе Маҳамадсаид Убайдуллоев табобат ва таҳқиқи ҳодисаро зери назар гирифтааст. Аз таркиши газ манзили онҳо дар бинои чаҳорошёнаи рӯбарӯи дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ комилан тахриб дида, тирезаи хонаҳои атроф шикастааст.
XS
SM
MD
LG