Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Сандуқи Байнулмилалии Пул ба Исландия


Сандуқи Байнулмилалии Пул тарҳи 2 миллиарду 100 миллион доллар қарз ба Исландияро ба тасвиб расонд. Ин сармоя ба эҳёи низоми бонкии Исландия пас аз фурӯпошии он дар моҳи октябр харҷ хоҳад шуд. Коршиносон мегӯянд, ин вом дар ҳоле дода мешавад, ки се бонки асосии Исландия дар мӯҳлати камтар аз як ҳафта варшикаста шуданд. Он вақт Исландия маҷбур шуда буд, барои кӯмак ба Русия муроҷиат кунад. Воми Сандуқи Байнулмилалии Пул нахустин қарз ба як кишвари ғарбист дар беш аз 30 соли охир.
XS
SM
MD
LG