Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи порлумони Ироқро ба ҳам заданд


Вакилони тарафдори Муқтадо Садр - рӯҳонии зиддиамрикоӣ ва шиъамазҳаби Ироқ, имрӯз ҷаласаи порлумон барои баррасии паймони амниятии миёни Амрикову Ироқро баҳам задаанд. Ин паймон ба нерӯҳои Амрико иҷоза медиҳад, то се соли дигар дар Ироқ бимонанд. Ҳангоми ҷаласа, вакилони тарафдори Муқтадо Садр бо ғавғову фарёд нагузоштаанд, то вакил аз эътилофи ҳукмрони Ироқ матни паймонро бихонад. Сипас як вакили дигар бо таҳдид ба курсии Ҳушёр Зибарӣ - вазири умури хориҷаи Ироқ, наздик шудааст, вале муҳофизон ӯро пас гардондаанд. Баъд аз ин бесарусомонӣ раиси порлумони Ироқ баҳси санадро то фардо ба таъхир андохтааст. Порлумони Ироқ қасд дорад, то 24 ноябр ба тарҳи паймон раъй диҳад.

XS
SM
MD
LG