Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амри додгоҳ доир ба парвандаи Политковская


Додгоҳи Русия имрӯз амр дод, то муҳокимаи чаҳор нафар муттаҳам ба қатли хабарнигор Анна Политковская паси дарҳои баста сурат бигирад. Раиси муҳокимаи парванда дар додгоҳи низомии шаҳри Маскав гуфт, барои он чунин амр додааст, ки аъзои ҳайъати мунсифаи муҳокима нахостаанд, дар ҳузури хабарнигорон ба толори муҳокима ворид шаванд.

Ба гуфтаи додситонҳои Русия, қотили Анна Политковская зоҳиран ин кишварро тарк кардааст ва ҳуввияти дастурдиҳандаҳои қатл низ мушаххас нашудааст. Вакилони дифоъ ва хешовандони Анна Политковская, ки қатли хабарнигорро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд, пофишорӣ доштанд то муҳокима боз сурат бигирад, зеро ба гуфтаи онҳо танҳо дар ин ҳол адолат барқарор мешавад.
XS
SM
MD
LG