Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ба Афғонистон сарбоз намефиристад


Чин нақша надорад ба сафи Нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) сарбоз фиристад. Ин хабарро расонаҳо аз нақли сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Чин пахш кардаанд.

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ню Йорк сарвазири Британия Гордон Браун гуфта буд, ки шояд Чин ба Афғонистон сарбоз фиристад. Ба қавли сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Чин ин иттилоъ асосе надорад.

XS
SM
MD
LG