Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақби "Истиқлол" ба зудӣ боз мешавад


Ба иттилоъи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон кори сохтмон дар нақби "Истиқлол" қарор аст, 20-уми ноябри имсол ба поён расад. Ин манбаъ гуфтааст, ҳанӯз наздик ба 500 метри нақб бетонрезӣ нашудааст. Бо сабаби нотамом будани сохтмон истифода аз нақби "Истиқлол" дар аввали моҳи сентябри соли манъ гашта буд ва дар ҳамин байн буд, ки дар роҳи ағбаи Анзоб чанд садама ба вуқӯъ пайваста чандин нафар ба ҳалокат расиданд. Расми ифтитоҳи нақб ҳанӯз соли 2006, пеш аз интихоботи ахири президентии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваста буд.
XS
SM
MD
LG