Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби барномаи амал дар нишасти G20


Нишасти дурӯзаи раҳбарони 20 иқтисоди бузурги дунё, мавсум ба гурӯҳи G20, дар Вошингтон рӯзи шанбе бо ахзи тавофуқ дар мавриди муқобила ба пасрафти иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҷилавгирӣ аз бурузи бӯҳронҳои молӣ дар оянда поён ёфт. Гурӯҳи G20, ки тақрибан 90 дарсади тавлидот ва арзаи хадамоти ҷаҳонро дар ихтиёр дорад, дар як эъломияи 5-саҳифаӣ як барномаи амали иборат аз 6 банд тасвиб карданд, ки тақвияти шаффофият ва суботи низомҳои молиро дар назар дорад. Вазирони дороии ин 20 қудрати умда бояд акнун то 31 март, то шурӯъи нишасти навбатии раҳбарон, ки эҳтимолан дар Лондон хоҳад гузашт, силсилаи тадобири мушаххас ба хотири иҷрои ин барномаи амалро таҳия кунанд.
XS
SM
MD
LG