Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Екатеринбург боздошт шуд


Хабаргузории русии Интерфакс мегӯяд, Хадамоти федеролии амнияти Русия дар фурудгоҳи Колтсовои шаҳри Екатеринбург Зайниддин Боқиев, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор дошт, дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, Зайниддин Боқиев 40-сола буда, дар зодгоҳаш – Тоҷикистон- ба даст доштан дар ҷиноёти марбут ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мешавад. Феълан Боқиев дар боздоштгоҳи Екатеринбург ба сар бурда, масъалаи истирдоди ӯ ба Душанбе мавриди баррасӣ қарор доштааст.
XS
SM
MD
LG