Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Деҳқонони афғон аз кишти хашхош дилсард шудаанд


Як мақоми аршади СММ гуфт, бисёре аз кишоварзони афғон ба далели боло рафтани нархи маҳсулоти ғизоӣ, ба парвариши зироати муҷоз, аз ҷумла гандум, пардохтаанд. Антонио Мария Коста, мудиромили Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноёти СММ, дар Рум гуфт, далели дигари аз кишти хашхош рӯ тофтани деҳқонони афғон фаровонии афюн дар бозор ва ба ин далели тайи 4 соли охир ҳамасола то 20 дарсад пойин рафтани нархи он будааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Мария Коста, фоидаи кишти гандум тайи 1 соли охир 3 маротиба боло рафтааст.
XS
SM
MD
LG