Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дума президентии шашсоларо қабул кард


Порлумони Русия пешниҳодҳои Кремл дар мавриди тамдиди мӯҳлати раёсатҷумҳуриро аз 4 ба 6 сол ҷонибдорӣ кард.

Ҳамчунин, Думаи давлатӣ ба ҷонибдории пешниҳоди Дмитрий Медведев, раисҷумҳури феълии Русия дар мавриди дароз кардани мӯҳлати фаъолияти порлумон аз чаҳор ба панҷ сол овоз дод.

Ба тарафдории тағйирот дар Сарқонуни Русия 388 нафар овоз доданд. Панҷоҳу ҳашт (58) вакил мухолифи ин тағйирот баромаданд.

Ин тағйирот дар Сарқонуни Русия дар сурате қабул мешавад, ки онро ҳамчунин ниҳодҳои қонунгузори на камтар аз 2/3 ҳиссаи минтақаҳои Федеросюни Русия тасдиқ бикунанд.

Ва ҳам ин тағйирот дар ҳаққи танҳо он Думаи давлатӣ ва президенте кор фармуда мешавад, ки пас аз қабули ин қонун интихоб хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG