Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нармиши Русия дар баҳси мушакӣ бо Амрико


Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, Маскав мушакҳои кӯтоҳпарвози худро дар ҷазирақаламрави Калининград дар ҳоле устувор мекунад, ки тарҳи Амрико дар бунёди сипари зиддимушакияш дар Аврупо амалӣ гардад. Сергей Лавров эълони президенти Русия, Дмитрий Медведевро такрор кард, ки гуфтааст, Маскав дар посух ба таъсиси шабакаи зиддимушакии Амрико дар Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех мушакҳои навъи "Искандар"-ро дар моварои Аврупо устувор мекунад. Аммо Лавров афзуд, Русия танҳо замоне ба ин иҷрои ин нақша даст мезанад, ки Амрико ба татбиқи барномааш шурӯъ кунад.
XS
SM
MD
LG