Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши маргталабона дар варзишгоҳи Пешовар


Як маргталаб худро дар як варзишгоҳи пуриздиҳом дар шимолу ғарби Покистон мунфаҷир кардааст. Ин ҳамла мунҷар ба ҳалокати худи маргталаб ва ҷароҳат бардоштани дасти кам 6 нафари дигар шуд. Дар аснои таркиш дар варзишгоҳи Пешовар, маркази вилояти ошӯбзадаи Шимолу Ғарби Покистон ҳудуди 25 000 тамошобин ҷамъ шуда буд.Волии ин вилоят, ки низ дар варзишгоҳ ҳузур дошт, ҳанӯз қабл аз инфиҷор варзишгоҳро тарк гуфтааст.
XS
SM
MD
LG