Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил таҳвили маводи сӯхт ба Ғазаро аз сар гирифт


Исроил имрӯз интиқоли маводи сӯхт ба сарзаминҳои фаластинӣ дар навори Ғазаро аз сар гирифт. Барои як ҳафта тавқиф шудани интиқоли маҳсулоти энержӣ ба Ғаза ин минтақаи таҳт назорати гурӯҳи ситезаҷӯи Ҳамосро, ки алайҳи Исроил ҳамалоти мушакӣ анҷом медиҳад, аз нирӯи барқ маҳрум сохт. Вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак шоми душанбе дар пайи мулоқоташ бо фиристодаи хос дар умури Ховари Миёна Тонӣ Блейр ҷиҳати лағви ин таҳрим дастур дод. Шаби душанбе ба иллати бидуни маводи сӯхт мондани бузургтарин нирӯгоҳи Ғаза, ин минтақа аз нирӯи барқ маҳрум шуд. Телевизиони Ҳамос издиҳоми эътирозгаронеро намоиш медод, ки шамъу қандил дар даст дар кӯчаҳои торики Ғаза раҳпаймоӣ мекарданд.
XS
SM
MD
LG