Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори танҳо ба танҳои Буш ва Обама


Ниҳоят мулоқоти Ҷорҷ Буш, президенти феълии Амрико ва Барак Обама, президенти тозаинтихоби Амрико дар Кохи сафед ба вуқӯъ пайваст.

Бахши асосии ин мулоқот дар пас дарҳои баста ва танҳо ба таҳнҳо ҷараён гирифта, дар бораи он тафсилоти зиёд дода нашудааст.Танҳо сухангӯёни ҳарду раҳбар гуфтанд, Буш ва Обама масъалаҳои интиқоли қудрат ва бархе аз мавзӯъҳои ҳассоси марбут ба амният ва бӯҳрони иқтисодиро баррасӣ карданд.

Барак Обама барои пешниҳоди ҳама гуна кӯмаки президент Буш дар марҳилаи гузор изҳори сипос кардааст. Таври маълум Буш дар паёми радиоии худ рӯзи шанбе дар бораи чунин омодагӣ изҳори омодагӣ карда буд.

Президент Буш ба гуфтаи хабаргузориҳо бо вуҷуди он ки дар тамоми давраи сабқати интихоботӣ мавриди танқиди Барак Обама буд ва номзади ҷумҳурихоҳон Ҷон Маккейн дар забони Обама идомагари сиёсатҳои нодурусти Буш номида мешуд, пас аз интихобот хеле зуд лаҳни рақобатро тағйир дод ва хостори ҳамкории наздик бо Обама шуд. Вале мушовирони Обама мегӯянд, бо нишастан ба курсии раёсатҷумҳурии Амрико, Обама бахши аъзаме аз дастурҳои иҷроии Бушро лағв хоҳад кард.

Дастурҳои иҷроӣ фармонҳое мебошанд, ки президенти Амрико ба ниҳодҳои иҷроии ҳукумат медиҳад, вале дар давраи Буш ин дастурҳо ғолибан барои ҷой нишондани сиёсатҳои муайян дода шудаанд ва як навъ истифода аз ҳолатҳое будаанд, ки қонунҳои қабулкардаи Конгресс амри муайян надода, ба таври умумӣ навишта шудаанд.

Коршиносони сиёсӣ ин тазодро қайд мекунанд, ки барои лағви чунин дастурҳо Обама маҷбур ба имзои дастурҳои нав мешавад, ки низ ӯро дар мавзеъи президент Буш ва ё суистифода аз норӯшании қонунҳо қарор медиҳад.

Дар ҳоле ки ҷузъиёти мулоқоти Буш ва Обама маълум нашудааст, як узви дастаи Обама гуфтааст, президенти нав боздоштгоҳи Гуантанаморо аз байн хоҳад бурд, вале намояндагони Буш гуфтанд, ин як кои содае нахоҳад буд. Аммо тафсилот дода намешавад ва мегӯянд, хабар ин аст, ки Буш ба оилаи Обамаҳо хонаи нави онҳоро, ки баъд аз 20-уми январ ба он хоҳанд кӯчид, нишон дод.
XS
SM
MD
LG