Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конодо хостори тамдиди нируҳояш дар Афғонистон нест


Лоуренс Каннон-вазири хориҷаи Конодо мегуяд, то ҳол кишвари вай ба нақша гирифтааст, ки бо вуҷуди дархости Борак Обама-раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико нируҳои худро то соли 2011 аз Афғонистон фаро хонад. Обама хостори тақвияти талошҳои байналмиллалӣ барои мубориза бо терроризм дар Афғонистон аст. Ҳоло 2 ҳазору 500 нафар нируҳои Конодо дар Афғонистон, аслан дар вилояти Қандаҳор, мустақар мебошанд. Аз соли 2002 то ҳол 97 нафар низомиёни Конодо дар Афғонистон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG