Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бағдод дастикам 28 нафар кушта шуданд


Имруз дар натиҷаи инфиҷори ду бам дар Бағдод-пойтахти Ироқ дастикам 28 нафар кушта ва беш аз 40 нафари дигар захмӣ шудаанд. Бино ба гузоришҳо, ин инфиҷорҳо дар қисмати Адҳамияи шаҳр рух додааст. Бами аввал дар истгоҳи автобус рух додааст ва пас аз чанд вақт бамгузори интиҳорӣ худро дар миёни афроде мунфаҷир сохт, ки барои дидани оқибатҳои инфиҷори аввал ҷамъ омада буданд.

XS
SM
MD
LG