Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди бародари Ғаффор Мирзоев


Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи горди президентӣ, феълан дар маҳбас ба сар мебарад
Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи горди президентӣ, феълан дар маҳбас ба сар мебарад

Абдурасул Мирзоев, бародари собиқ фармондеҳи горди президентӣ Ғ. Мирзоев, аз Иморот ба Душанбе истирдод мешавад.

Интизор меравад ин истирдод рӯзҳои наздик сурат бигирад. Соли гузашта ду кишвар – Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб созиш дар бораи истирдоди ҷинояткоронро имзо карда буданд ва ин санад моҳи апрели соли равон аз сӯи порлумони Тоҷикистон тасвиб шуд.


Ба иттилоъи Додситонии кулли Тоҷикистон, Абдурасул Мирзоев аз рӯи парвандаи бародараш дар чанд ҷиноят муттаҳам мешавад. Ҳамчунин мақомоти ҳифзи тартиботи Тоҷикистон Абдурасул Мирзоевро барои қаллобӣ, напардохтани андоз ва дигар ҷиноёти иқтисодӣ мавриди кофтукоби байнулмилалӣ қарор дода буданд.

Соли 2004-ум баъд аз боздошти Ғаффор Мирзоев Додгоҳи Олии иқтисодӣ се муассиса – корхонаи гӯшти шаҳри Душанбе, тарабхонаи “Ҷоми Ҷамшед” ва мағозаи “Кооператор”-и шаҳри Кӯлобро, ки ба Абдурасул Мирзоев тааллуқ доштанд, ба ихтиёри Кумитаи амволи давлатӣ баргардонда буд.

XS
SM
MD
LG