Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав пешниҳодҳои Вошингтонро баррасӣ мекунад


Маскав пешниҳодоти нави Вошингтон дар робита ба системи зидди ҳамлаи мушакиро баррасӣ мекунад. Дар ин бора имрӯз намояндаи вазорати умури хориҷаи Русия Игор Лякин-Фролов хабар дод. Авоили ин ҳафта мақомоти ИМА ба Русия пешниҳодоти ҷадид дар робита ба таъмини эътимод дар соҳаи дифоъи зиддимушакиро ироа карданд. Тавре кафили Котиби давлатии Амрико Ҷон Руд хабар дод, дар ин санад, аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки дастрасии низомиёни Русия ба муассисаҳои сипари мушакии ИМА дар Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех таъмин шавад. Мақомоти ИМА умедворанд, ки мулоқоти ҳайатҳои Русия ва Амрико дар ин маврид тайи ду ҳафтаи оянда баргузор мешавад.
Маскав сипари мушакии ИМА дар Аврупоро чун хатари ҷиддӣ ба амнияти Русия арзёбӣ мекунад ва тасмим гиритфааст, ки дар посух дар вилояти Калининград комплекси мушакии худро ҷойгир созад.

XS
SM
MD
LG